Ҳуқуқҳои мизоҷон

Ҳуқуқҳои мизоҷон

Ҳангоми равобити мутақобила бо истеъмолкунандагон Бонк бояд принсипҳои адолат, садоқат ва касбиятро риоя карда ва иттилоотро бо иҷрои талаботи ҳадди ақали зерин интишор намояд:

  • маълумот барои ҳамаи истеъмолкунандагон ва ҳамчунин, истеъмолкунандагони эҳтимолии хизматрасонӣ бояд дар асоси баробарӣ ва ҳаҷми яксон пешниҳод карда шавад;
  • иттилоот бояд қобили эътимол, комил ва бамавқеъ бошад;
  • маълумот бояд ба истеъмолкунандагони хизматрасониҳо бо забони сода ва дастрас пешниҳод карда шуда, калимаю ибораҳои печида, душворфаҳм, истилоҳоти касбию техникиро дар бар нагирад;
  • маълумот бояд аз ҷониби Бонк бо забони давлатӣ пешниҳод карда шуда ва дар ҳолати мувофиқа ба истеъмолкунанда бо ҳар забони дигар ироа карда шавад;
  • маълумот бояд ба истеъмолкунанда бо чунин ҳуруфе пешниҳод карда шавад, ки ӯ маълумоти мавриди назарашоро бо осонӣ пайдо намояд;
  • маълумот дар бораи хизматрасонӣ бояд тавре пешниҳод карда шавад, ки он барои истеъмолкунанда аз назари дарки моҳияти хизматрасонӣ ва арзёбии таносуби он ба талаботи онҳо мувофиқ ва маънодор бошад;
  • иттилооти пешниҳодшуда набояд истилоҳҳои муҳимро пинҳон кунад ё аҳамияти онро то ҳадди ақал кам намуда ва онро беаҳамият нишон диҳад. Ҳамзамон, ба таҳрифи маънои иттилооте, ки боиси норавшанӣ мегардад ё ба тариқи дигар имкон медиҳад, ки моҳияти хизматрасониҳои пешниҳодшаванда ба таври номуайян шарҳ дода шаванд;
  • маълумот дар санаи пешниҳод бояд актуалӣ буда ва мутобиқи ҳолатҳое, ки истеъмолкунандаи хизматрасонӣ баён кардааст ба шартҳои шартномаи хизматрасонӣ мувофиқ бошад.

Пеш аз бастани шартнома оид ба хизматрасонӣ ба истеъмолкунанда бояд маълумоти пурра дар бораи хизматрасонӣ дода шавад. Бонк вазифадор аст, ки барои ба маълумоти истеъмолкунанда расонидани иттилоот дар бораи шартҳои хизматрасонӣ, хавфҳои эҳтимолии вобаста ба он, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, оқибатҳо ва масъулияти онҳо тамоми чораҳои заруриро андешад.

Пеш аз бастани шартнома оид ба хизматрасонӣ Бонк вазифадор аст:

  • ба истеъмолкунанда моҳият ва шартҳои асосии хидмати мушаххасеро, ки бар он алоқа дорад, фаҳмонад;
  • тартиби пешниҳод, раванд ва муҳлати баррасии дархостҳои истеъмолкунандагонро, ки дар шартнома оварда мешавад, фаҳмонад;
  • истеъмолкунандаро дар бораи уҳдадориҳои худ аз рӯи шартнома, аз ҷумла чораҳои масъулиятшиносие, ки Бонк метавонад ҳангоми иҷро накардани уҳдадориҳо татбиқ намояд (ҷарима ё дигар чораҳое, ки ба вазъи молии истеъмолкунанда таъсир мерасонад) хабардор кунад;
  • пас аз бастани шартнома ба истеъмолкунанда дар бораи шакл, давра ва муҳлати пешниҳоди маълумот (ариза ва огоҳиномаҳо) хабар диҳад;
  • пеш аз бастани шартнома ба истеъмолкунанда имконият ва муҳлати заруриро барои шинос шудан бо шартҳои шартнома фароҳам созад;
  • тибқи шартҳои хизматрасонӣ агар зарурати истифодаи хидмати иловагии аз тарафи шахси сеюм пешниҳодшаванда ба миён ояд, Бонк вазифадор аст, ки ба истеъмолкунанда имконияти интихоби чунин шароитро фароҳам оварад.

 

Истеъмолкунанда бояд бо маълумоти кофӣ дар бораи маҳсулот ва хизматрасониҳо таъмин карда шавад, то бар ӯ имконият фароҳам гардад, ки мутобиқи имконоти молии худ маҳсулот ё хизматрасонии мавриди назарашро интихоб кунад.

Бонк пеш аз пешниҳод ё тавсияи қарз бояд вазъи молӣ, эҳтиёҷоти молиявӣ ва имкониятҳои молиявии истеъмолкунандаро баҳо дода, инчунин, риояи талаботи зеринро таъмин намояд:

  • пеш аз бастани шартномаи гирифтани қарз бояд маълумоти мукаммал дар бораи шартҳои қарз, аз ҷумла маълумот дар бораи арзиши пурраи онро ифшо созад;
  • ба истеъмолкунанда бояд оқибатҳои иҷро накардан ё иҷрои номувофиқи уҳдадориҳо ва уҳдадориҳои умумии шартномаи қарзӣ фаҳмонида шавад;
  • ҳангоми интишор ва паҳн кардани маълумот дар бораи арзиши қарз бояд ҳам меъёри фоизӣ ва ҳам самаранокии фоиз/даромад ё фоида аз маблағгузорӣ нишон дода шавад;
  • мизоҷ ҳуқуқ дорад, ки маблағи асосиро дар вақти дилхоҳ бидуни ситонидани ҷарима пеш аз муҳлат баргардонад.

 

Ба ғайр аз маълумоти дар бандҳои боло зикршуда, Бонк вазифадор аст:

  • ба қарзгир/мизоҷ моҳият ва аҳамияти таърихи қарзиро фаҳмонад, аз ҷумла хабар диҳад, ки дар сурати иҷро нагардидани уҳдадориҳои қарзӣ дар ин бора ному насаби ӯ ба бюрои таърихи қарзӣ пешниҳод карда мешавад;
  • қарзгиранда/мизоҷро огоҳ намояд, ки агар ӯ уҳдадориашро иҷро накунад, қарз метавонад аз ҳисоби молу мулки ба гарав гузошташуда маҷбуран ва дар сурати нокифоя будани амволи ба гарав гузошташуда аз ҳисоби амволи дигари қарзгир/мизоҷ ситонида шавад;
  • қарзгиранда/мизоҷро дар бораи ҳуқуқи худ оид ба даст кашидан аз гирифтани қарз дар давраи баъди бастани шартнома ва то гирифтани маблағ огоҳ созад;
  • агар гаравгузор, зомин, кафил ё шахси дигаре, ки тарафҳои шартномаи қарз ба ҳисоб мераванд, вуҷуд дошта бошанд, масъулияти онҳоро фаҳмонида, розигиашонро дар шакли хаттӣ ба даст оварад;
  • дар мавриди қарзи гурӯҳӣ ба қарзгирандагон/мизоҷон масъулияти умумии онҳоро барои қарз фаҳмонад;
  • ба пасандозгузор фаҳмонад, ки Бонк уҳдадор аст, маблағи пасандозҳо/пасандози бонкиро ё як қисми онро бо дархости аввалини пасандозгузор, ба истиснои пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки ба гарав гузошта шудаанд, диҳад;
  • ба пасандозгузор фаҳмонад, ки ҳангоми муфлисшавии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ҷуброни пасандозҳо/пасандозҳои бонкӣ аз Фонди суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» сурат мегирад.
  • агар Бонк аз расонидани хидмат ба истеъмолкунанда даст кашад, дар ин сурат вазифадор аст, ки бо дархости истеъмолкунанда нусхаи асли ҳуҷҷатҳоеро, ки истеъмолкунанда барои гирифтани хизматрасонӣ ба Бонк пешниҳод кардааст (шаҳодатномаи ҷои истиқомат ё кор, маълумотномаи музди маош, ҳуҷҷати тасдиқкардаи нотариалӣ ва ғайра) бозпас гардонад.

 

Ҳангоми интиқоли маблағ Бонк вазифадор аст, ки ба истеъмолкунанда маълумоти зеринро пешниҳод намояд:

  • номгӯи системаҳои пардохтӣ, ки тариқи он маблағҳо интиқол дода мешаванд;
  • номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки барои интиқоли маблағ заруранд;
  • шартҳои интиқоли маблағҳо дар доираи шаклҳои татбиқшавандаи пардохтҳои ғайринақдӣ;
  • номгӯи усулҳо ва системаҳои интиқоли маблағҳо;
  • дар бораи андозаи ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии интиқоли маблағ — агар ин маблағро қонунгузории давлати дахлдори хориҷӣ муқаррар карда бошад;
  • маблағи ҳаққи комиссионӣ аз ҷониби истеъмолкунандагони хизматрасонӣ — агар дар шартнома пешбинӣ шуда бошад;
  • муҳлати интиқол;
  • дар бораи қурби асъор ва тартиби муайян кардани онҳо;
  • маблағ ва асъоре, ки дар кишвари таъиноти интиқол пардохта шудааст;
  • дар бораи шартҳои баргардонидан, тағйир додани маълумот ва бекор кардани интиқоли маблағ;
  • оид ба тартиби пешниҳоди даъво аз ҷониби истеъмолкунанда ва тартиби ҳалли баҳсҳо, аз ҷумла маълумотҳои тамоси Бонк;
  • дигар маълумоти иловагие, ки ба хизматрасонии интиқоли маблағҳо алоқаманданд.

 

Ҳангоми пешниҳоди хизматрасонии маблағгузории қарзӣ ва пасандозҳои амонатӣ Бонк вазифадор аст, ки ба истеъмолкунанда дар бораи шартҳои асосии хидматрасонӣ маълумотнома пешниҳод намояд.

Тартиби қабул ва баррасии муроҷиатҳои истеъмолкунандагон

  • тартиби қабул ва баррасии муроҷиат, шикоят ва дархостҳое, ки мувофиқи талаботи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” муқаррар гардидаанд, ҳатман баррасӣ карда мешаванд;
  • Бонк бояд муроҷиат, шикоят ва дархостҳоро қабул намояд. Мизоҷ метавонад дар шакли озод бо нишон додани моҳияти шикоят ё дархост, ки аз ҷониби ӯ ё намояндаи ваколатдори ӯ имзо карда шудааст, муроҷиат намояд ва онро ба Бонк ё дилхоҳ филиал ё МХБ-и Бонк пешниҳод кунад;
  • муҳлати баррасии муроҷиатҳои мизоҷон 30 рӯзи тақвимиро ташкил медиҳад, вале муроҷиатҳое, ки таҳқиқи иловагиро талаб намекунанд, бояд дар муддати 15 рӯз баррасӣ карда шаванд. Оиди зиёд кардани муҳлати баррасии шикоят, арз ё муроҷиат, ки таҳқиқи иловагиро талаб мекунад, ба мизоҷ хабар дода мешавад.

Қабули дархост/шикоят ё муроҷиати мизоҷ

  • муроҷиатҳо дар шакли хаттӣ (қоғазӣ) ё шифоҳӣ,  тариқи телефон, почтаи электронӣ ё шабакаҳои иҷтимоӣ қабул карда мешаванд;
  • муроҷиатҳо/шикоятҳо дар шакли хаттӣ (мактуб) тавассути хаткашон, тавассути почта ва ҳангоми қабули шахсӣ дар ҳар як сохтори  Бонк қабул карда мешаванд;
  • муроҷиатҳои/шикоятҳои электронӣ ба Бонк тавассути почтаи электронии info@fmfb.com.tj ирсол карда мешавад;
  • муроҷиатҳои/ шикоятҳои шифоҳӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва “Маркази алоқа”-и Бонк бо рақамхои:  0909, 77 1110111 қабул карда мешаванд.
  • ҷавоб ба ҳамаи шикоятҳо/муроҷиатҳо вобаста аз шакли пешниҳоди онҳо метавонад, ки дар шакли электронӣ ё тавассути алоқаи телефонӣ (мобилӣ), шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё шифоҳӣ, дода шавад.
  • Шахси масъул оид ба баррасии арзу муроҷиатҳо мизоҷон: Каххорова Барно

           Суроға: ш.Душанбе, кучаи Пушкин 10 (Сарбонк)   

           Почта: barnokhon.kakhorova@fmfb.com.tj

        Ҳифзи манфиатҳои мизоҷон

  1. Муносибати байни мизоҷон ва Бонк дар асоси шартнома сурат мегирад, дар ҳоле, ки агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад. (Қонуни №782 аз 26-уми декабри соли 2011);
  2. Шарт ва меъёри фоизи қарзҳо, пасандозҳо ва амонатҳо, инчунин, ҳаққи хизматрасониро Бонк дар шартнома бо мизоҷ муайян мекунад. (Қонуни №782 аз 26-уми декабри соли 2011);
  3. Пеш аз оғози хизматрасонӣ Бонк бояд мизоҷи худро дар бораи хизматрасониҳои пешниҳодшуда, аз ҷумла ҳаққи хизмат, фоизҳо ва дигар хароҷоти иловагии мизоҷ огоҳ созад. (Қонуни №1549 аз 3-уми августи соли 2018);
  4. Агар дар қонун, шартнома ё ҳуҷҷати пардохт муҳлати дигар муқаррар нагардида бошад, Бонк уҳдадор аст, маблағҳои мизоҷонро дар муҳлати на дертар аз рӯзи дигари гирифтани ҳуҷҷати пардохтии дахлдор ба суратҳисоби бонкӣ гузаронад. (Қонуни №782 аз 26-уми декабри соли 2011);
  5. Дар сурати ба таъхир андохтан ё нодуруст ворид намудани маблағ ба суратҳисоби мизоҷи худ ё аз он ҳисоб кардани маблағ, Бонк вазифадор аст ба мизоҷ барои ҳар як рӯзи ба таъхир афтода аз рӯи маблағи пардохташуда тибқи меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон ҷарима пардохт намояд. (Қонуни №782 аз 26-уми декабри соли 2011);
  6. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ интихоби озодонаи ташкилоти қарзиро доро мебошанд ва метавонанд дар як ё якчанд ташкилоти қарзӣ суратҳисоб кушоянд. (Қонуни №782 аз 26-уми декабри соли 2011);
  7. Бонк вазифадор аст тибқи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи молиявӣ, маълумот дар бораи фаъолият ва хизматрасонӣ, сохтори моликият (саҳмдорон ё иштирокчиён, баҳрабардорони ниҳоӣ), сохтори ташкилӣ ва сохтори идоракуниро ифшо намуда, риояи меъёрҳои эҳтиётии шахсони вобаста ба ташкилотҳои қарзӣ ва ҳисоботи аудиторӣ барои соли гузаштаро таъмин намояд. (Қонуни № 1549 аз 3-уми августи соли 2018);
  8. Ташкилоти қарзӣ ҳуқуқ надорад меъёри фоизи қарзҳои додашуда, амонатҳо, ҳақи хизмат ва муҳлати эътибори шартномаҳои бо мизоҷон басташударо, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар шартнома бо мизоҷ пешбинӣ шудааст, тағйир диҳад. (Қонуни №782 аз 26-уми декабри соли 2011);
  9. Ташкилоти қарзӣ ҳангоми додани қарз ё хизматрасонии дигар барои истифодаи ҳатмии дигар хизматрасониҳои ин ташкилоти қарзӣ бо муқаррар намудани шартҳо ҳуқуқ надорад. (Қонуни № 782 аз 26-уми декабри соли 2011);
  10. Агар мизоҷ маблағи асосиро пеш аз муҳлат баргардонад, ташкилоти қарзӣ ҳуқуқ надорад аз қабули қарзи асосӣ даст кашад. Ҳисоб кардани фоизҳо барои давраи боқимонда ва ситонидани ҷарима барои пеш аз муҳлат баргардонидани қарзи асосӣ манъ аст. (Қонуни № 1549 аз 3-уми августи соли 2018);
  11. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ доштан ва баргардонидани амонатҳо ва пасандозҳои шахсони воқеиро дар бонки давлатӣ кафолат медиҳад. (Қонуни №782 аз 26-уми декабри соли 2011);
  12. Барои талаботи ташкилотҳои қарзӣ оид ба баргардонидани қарзҳои додашуда муҳлати панҷ сол муқаррар карда мешавад. (Қонуни № 782 аз 26 декабри соли 2011 ва Қонуни №1549 аз 3-уми августи соли 2018).